27 Март 2021 - 06:23
Корона дар Эрон: 81 нафари дигар ҷон бохтанд

Бо фавти 81 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон теъдоди ҷонбохтагони вируси Ковид -19 дар ин кишвар ба 62 ҳазору 223 нафар расидааст.

ABNA24 : Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар шабонарӯзи гузашта ҳафт ҳазору 980 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар ин кишвар ба як миллиону 838 ҳазору 803 нафар расид.

То кунун як миллиону 577 ҳазору 408 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд.

Вируси корона то кунун беш аз 126 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллиону 769 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

342/